Ce diaporama a bien été signalé.
Le téléchargement de votre SlideShare est en cours. ×

Технологияҳои Иттилоотӣ ва Журналистикаи Чандрасонаӣ

Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Publicité
Chargement dans…3
×

Consultez-les par la suite

1 sur 28 Publicité

Plus De Contenu Connexe

Plus par Gulova Farishtamoh (19)

Publicité

Технологияҳои Иттилоотӣ ва Журналистикаи Чандрасонаӣ

  1. 1. Саҳми имконпазири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар таҳкими фазои иттилоотии ватанӣ дар минтақа ва берун аз он «Технологияҳои Иттилоотӣ ва Журналистикаи Чандрасонаӣ» 17 январи соли 2014 Асомиддин Атоев Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет Магистри илми компютер Магистри илм оид ба ТИК барои рушд
  2. 2. Якчанд дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол Узви Созмони Ҷаҳонии Савдо ➢ Талошҳои назаррас дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ➢ Сабқати бозори ватании ТИК дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ ➢ Дар ҷамъ таҳким додани афзалияти сабқатпазири то ин дам дастнорас дар сатҳи минтақа ➢
  3. 3. Чанд факти дигар аз бозори ТИК-и ватанӣ 85 Сарчашма: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ, 30 январи соли 2013 Андоз аз ин ҳисоб 47 1 10 4 Даромади бозори коммуникатсия 82 2 2, 0 TJS (million) 500 1,000 1,500 USD (million) 2,000 2,500
  4. 4. 20%/80% - таносуби муҳтавои ватанӣ ба глобалӣ Yahoo! 76 YouTube 78 Вконтакте (vk.com) 108 ozodi.org ozodi.tj 122 news.tj (Asia Plus) 129 yandex.ru 156 facebook.com 291 odnoklassniki.ru 521 google 602 mail.ru 1259 0 200 400 600 800 1000 1200 1400
  5. 5. Консепсияи саводнокии ҷомеаи иттилоотӣ (Реддӣ 2011:183)
  6. 6. Истилоҳот – 1/3    Пахши рақамӣ: Раванди истифодаи додаҳои рақамӣ ва на мавҷҳои қиёсӣ (аналогӣ) дар расонидани маводи иттилоотӣ тавассути каналҳои телевизионӣ ва ё бандҳои муайянгаштаи радиобасомадҳо Амнияти иттилоотӣ: Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои иттилоотӣ. Манфиатҳои миллӣ = Тавозуни Манфиати {Шахсият, Ҷамъият, Давлат}. Дар таҳти амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавии манфиатҳои миллии он дар соҳаи иттилоот, ки бо маҷмӯи манфиатҳои мутавозини шахсият, ҷамъият ва давлат муайян карда мешаванд, фаҳмида мешавад.
  7. 7. Истилоҳот – 2/3      Мултимедиа – чандрасонаҳо. Multimedia ба технологияе марбут мебошад, ки информатсияро тавассути зиёда аз як расона (medium), аз ҷумла матн, графика, аниматсия, видео, наво ва садо пешниҳод менамояд. (Williams 1995:24) Interactivity – Интерактивӣ маънии онро дорад, ки корбар метавонад ба ҳолати кунунӣ посухи фавриву равандҳоро такмил диҳад. Он ба корбарон имкони иштирокчии фаъоли раванди технологӣ буданро фароҳам меоварад. (Williams 1995:24) TV on-demand – барномаи дархостшуда ТВ. Set top box (STB) – дастгоҳ барои тағйир додани видеои IP (протоколи интернетӣ) ба мавҷи муқаррарии телевизион Медиа = Медиум1 + Медиум2 + ... +МедиумN (N > 1)
  8. 8. Истилоҳот – 3/3    ТИКР – технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушд Иқтисоди донишбунёд - Иқтисоди донишбунёд бар рушд ва тиҷорати маҳсулоту хизматрасонии донишбунёд асос ёфта, то андозаи зиёд аз навовариҳо дар ТИК, ки маҳсули эҷоди дигарон аст, вобастагӣ дорад. Ҷомеаи донишбунёд «қобилияти муайян, истеҳсол, коркард кардан, тағйир додан, паҳн намудан ва истифода бурдани иттилоот барои эҷод ва татбиқи дониш ҷиҳати рушди инсон» дар ҷомеа мебошад.
  9. 9. Нақши Интернет ва дигар шабакаҳои ТИК дар гузариш ва таъмини пахши рақамӣ 1.Болоравии огаҳмандии аҳолӣ ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд оид ба моҳияти гузариш 2.Дастрасии бевосита дар таҳкими фазои иттилоотии ватанӣ ҳам дар раванди гузариш ва ҳам пас аз он
  10. 10. Имконоти Интернет ва дигар ТИК дар болоравии огаҳмандӣ оид ба моҳияти гузариш ба пахши рақамии телевизионӣ  Таъмини дастрасии ҳар як маводи аудиовизуалӣ, матнӣ, аниматсионӣ, ки дар ин раванд андешида мешавад метавонад дастрас бошад ба шаҳрвандон тавассути шабакаҳои гуногун. Масалан  http://www.safina.tj/    http://www.1tv.tj/ http://www.1tv.ru Истифодаи шабакаҳо барои вусъат додани фарогирии дастрасии шаҳрвандони кишвар саросари олам: – http://mediabay.tv/channels/liveTv/110-SafinaTJ – http://mediabay.tv/channels/radioStations/120-SadoiDushanbeTJ – http://www.glwiz.com/
  11. 11. Имконоти Интернет ва дигар ТИК дар таҳкими фазои иттилоотии Тоҷикистон дар раванди гузариш ба пахши рақамии телевизионӣ ва пас аз он  Имкони дастрасӣ ба махзанҳои иттилоотии ватанӣ новобаста аз  замону (24 соат дар шабонарӯз ва 365(6) рӯз дар сол)  макон (ҳар кишваре, ки ба шабакаи Интернет пайванд аст)
  12. 12. Хизматҳои телевизионӣ дар шабакаҳои IP бунёд IPTV (Internet Protocol Television) – multimedia services (television/video/audio/text/graphics/data) delivered over IP based networks
  13. 13. IPTV чист?   Назари Иттиҳоди Ҷаҳонии Телекоммуникатсионӣ Мафҳуми IPTV (Internet Protocol Television – хизматҳои телевизионӣ бо протоколи интернет) чунин шарҳ медиҳад: “IPTV ҳамчун хадамоти чандрасонаӣ муайян гашта, иборат аст аз телевизион/видео/аудио/матн/графика/додаҳои дастрас тавассути шабакаҳои ба IP асосёфта, ки сатҳи зарурии сифати хизмату таҷриба, амният, интерактивнокиву эътимоднокиро таъмин менамоянд”. Ё ин ки (соддатар) IPTV дастрасии хизматҳои телевизионӣ (видео ва/ё аудио) шабакаҳои ба протоколи Интернет асосёфта мебошад. Шабакаҳои мазкур метавонанд системаҳои кушода, масалан Интернет, ё пӯшида, масалан шабакаи идоравӣ, ва ё омехта бошанд.
  14. 14. Фарқи IPTV аз Телевизионӣ анъанавӣ       Интерактивнокӣ Каналҳои бешумор Идораи беҳтар Дастрасии такрор ба такрори мавод пас аз эфир Хизматҳои бешумор, аз ҷумла мувофиқи табъи муштарӣ, ҳатто сохтани барномаи шахсӣ ва дархости мавод Азбаски протоколҳои стандартии шабакаҳоро истифода мебарад дар назар аст, ки хизматҳояш арзон мешаванд.
  15. 15. Тартиби кори IPTV  Барои фаъолияти система вуҷуд доштани 4 омили зерин ҳатмист: 1. Дастгоҳ барои тамошо ва ё адаптер 2. Дастраскунандаи канали фарохмаҷрои интернетӣ (широкополосный) 3. Дастраскунандаи хизматҳои IPTV 4. Дастраскунандаи муҳтаво
  16. 16. Дастгоҳ барои дастрасӣ ба IPTV Телевизор Компютери фардӣ Ноутбук Дастгоҳи мобилӣ
  17. 17. Чанд хизмати IPTV       Сохтани барномаи телевизионӣ (мустақим, шахсӣ, дархостшуда) Телевизиони дохилии муассиса (ширкат) Бозӣ Назорати ҷойҳои ҷамъиятӣ барои таҳкими амният Реклама Тиҷорати телевизионӣ
  18. 18. IPTV дар Тоҷикистон    Шабакаи имрӯзаи дастраскунандагони фаъоли хадамоти Интернет дар кишвар ҳам аз ҷиҳати технологӣ ва ҳам техникӣ ҷавобгӯи ба роҳ андохтани IPTV мебошанд. Масалан, дастрасии каналҳои телевизиони давлатӣ ба мисли ТВ1 ва Сафина аз нимаи соли 2007 то охири соли 2008 тавассути шабакаи мобилӣ тасдиқи ин буда метавонад. Сатурн-онлайн кӯшиши дастрас кардани онро дорад.
  19. 19. IPTV ≠ Internet Television
  20. 20. Телевизиони Интернетӣ (Internet Television) ва ё Телевизиони Онлайн чист?   Хизмати телевизиониест, ки дар шабакаи Интернет дастрас мегардад. Фарқият: IPTV аз шабакаи асосаш IP истифода барад ҳам берун аз Интернет вуҷуд дошта метавонад. Internet TV бошад ҷузъи ин муҳит аст, яъне доимо ба шабакаи Интернет пайваст аст.
  21. 21. Телевизиони Интернетӣ дар амал  Мисоли Internet TV:  4oD  BBC iPlayer  Google TV  Дождь ТВ (tvrain.ru/)  http://mediabay.tv/channels/liveTv/112-TVTTJ YouTube (ЮТюб) – Телевизиони Интернетӣ набуда, порталест барои ҷойдодану истифодаи дастаҷамъии видео мавод (медиаи иҷтимоӣ).
  22. 22. Монандии IPTV ва Интернет телевизионро дар чӣ мебинед?
  23. 23. Монандии IPTV ва Интернет телевизион   Ҳарду ҳам шабакаҳои ба интернет протокол асосёфтаро ҳамчун транспорт (нақлиёт) истифода мебаранд. Мутобиқи моддаи 2-и Қонуни ҶТ «дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», интернет низ восита мебошад: «Муқаррароти Қонуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавонӣ ба пуррагӣ ҳангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавонӣ бо истифода аз шабакаҳои кабелӣ, ноқилӣ, спутникӣ, бисёрканалаи рақамӣ, компютерӣ, аз ҷумла шабакаи байналмилалӣ (интернет) ва дигар шабакаҳо татбиқ мегардад, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.»
  24. 24. Ҷустуҷӯи IPTV ва Телевизиони Интернетӣ дар Асноди расмӣ  Консепсияи сиёсати давлатии ҶТ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 20102015    Ҳадаф: таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилооти боэътимоди аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим (банди 5) Яке аз натиҷаҳои чашмдошти татбиқи санад: таъмини имконияти дастрасии аҳолӣ ба каналҳои ТВ ва радио новобаста аз технологияҳои пахш (банди 6) Барои ноил гаштан ба ҳадаф яке аз вазифаҳои асосӣ: бунёди шароит барои рушди воситаҳои нави пахш, аз ҷумла телевизиони мобиливу интернетӣ (банди 9)
  25. 25. Боз ҳам оид ба «Иқтидори нодири Интернет ва дигар ТИК”  ТИК – иқтидори нодиреро дорост:   марзаи виртуалии кишвар, дар фарқ аз марзаи воқеии он беканор буда метавонад, раҳидан аз бунбасти ҷуғрофиву иқтисодӣ, аз истеъмолкунанда ба истеҳсолкунанд, аз корбари сарчашмаҳо ба эҷодкори онҳо ва дарёфту мустаҳкам кардани мавқеи иқтисодии кишвар дар бозори минтақаву ҷаҳон Дар сурати истифода накардан аз ин бартариҳо бештари онҳо ба таҳдид табдил меёбанд.
  26. 26. Сарчашмаҳо               Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсия оид ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025 Стратегияи давлатии «ТИК барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» Иттиҳоди Ҷаҳонии Телекоммуникатсия - www.itu.int Ҳва, А.П. 2010, Модули 5: Идоракунии Интернет, Академияи асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ, UN APCICT Reddi, R.V. 2011, Primer 1: An Introduction to ICT for Development, Primer Series on ICTD for Youth, APCICT Althos Publishing - www.Althos.com Harte, L. 2007, 'IPTV Basics', Althos Publishing, Fuquay-Varina, USA Tay, J. & Turner, G. 2010, Not the Apocalypse: Television Futures in the Digital Age, International Journal of Digital Television, vol. 1(1), pp. 31-50 Williams B.K., Sawyer S.C & Hutchinson S.E. 1995, 'Using Information Technology: A Practical Introduction to Computers & Communications', IRWIN, Chicago Zheng, Y. & Heeks, R. 2008, Conceptualising Information Culture in Development Countries, in Development Informatics Working Paper Series, paper No. 34, Development Informatics Group, IDPM Википедия – энсиклопедияи озод, wikipedia.org Worldbank - http://info.worldbank.org/etools/kam2/KAM_page5.asp#c100
  27. 27. Ташаккур!

×